Сентябр 16, 2019 18:18 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии сафари беш аз 1 миллион гардишгари мусулмон ба Кореяи Ҷанубӣ

Пешбинӣ мешавад, имсол беш аз 1 миллион гардишгари мусулмон ба Кореяи Ҷанубӣ сафар мекунанд.

Дар ҳоле аст, ки дар нимаи нахусти соли ҷорӣ беш аз 511 ҳазор гардишгари мусулмон аз Кореяи Ҷанубӣ боздид кардаанд, Ожонси гардишгарии ин кишвар ибрози умедворӣ кард, ки ин раванд то поёни сол идома дошта бошад.

Ожонси гардишгарии Кореяи Ҷанубӣ рӯзи якшанбе эълом кард, бо афзоиши таваҷҷуҳот ба фарҳанги Корея ва ҷозибаҳои гардишгарӣ, интизор меравад беш аз 1 миллион гардишгари мусулмон имсол аз кишвар боздид кунанд.

Созмони гардишгарии Корня эълом кард, ки дар нимаи нахусти соли ҷорӣ беш аз 511 ҳазор ҷаҳонгарди мусулмон аз ин кишвар боздид карданд, ки ин афзоиш 9.8% нисбат ба соли гузаштаро нишон медиҳад. Агар ин раванд идома ёбад, пешбинӣ мешавад, ки имсол теъдоди гардишгарон мусулмон ба 1 миллион нафар бирасад.

Бар асоси иттилооти давлати Кореяи Ҷанубӣ, теъдоди мусулмононе, ки аз ин кишвар боздид мекунанд, ба таври пайваста аз 870 ҳазор нафар дар соли 2017 ба 970 ҳазор нафар дар соли 2018 афзоиш ёфтааст.

Бо ин ҳол, Кореяи Ҷанубӣ барои ҷазби боздидкунандагони мусулмон, бояд ба таври муассир ва сареъ имконоти мухталиферо таъмин кунад то битавонад ниёзҳои хосси онҳоро бароварда кунад ва муҳити мусулмонписанде барои онон ба вуҷуд овард.

 

Барчасп