Амрикоиҳо ба дунболи фурсатталабии ҷадид дар халиҷи Форс ҳастанд
(last modified Tue, 17 Sep 2019 13:03:01 GMT )
Сентябр 17, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Амрикоиҳо ба дунболи фурсатталабии ҷадид дар халиҷи Форс ҳастанд

Расонаҳои Покистон рӯзи сешанбе, дар вокуниш ба ҳамалоти паҳподии Яман ба таъсисоти нафтии “Арамко” дар Арабистон навиштанд, амрикоиҳо бо ворид кардани иттиҳомоти беасос ва дурӯғ ба Эрон, дар садади фурсатталабӣ дар минтақаи халиҷи Форс ҳастанд.

Рӯзномаи покистонии “Нейшн” дар гузорише бо унвони “Дурӯғи империалистӣ” ба моҷарои ҳамалоти “Арамко” ишора карда навишт: “Ҳамла ба таъсисоти нафтӣ дар Арабистони Саудӣ фурсати муносибе барои Кохи Сафед барои ворид кардани иттиҳомоти беасос ба Эрон фароҳам кардааст”.

Дар ин гузориш омадааст, Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико бидуни ҳеҷ мадраку санаде Эронро мавриди иттиҳом қарор дод.

“Нейшн” навишт, бо вуҷуди лаффозиҳои Амрико, ҳокимони саудӣ сукут карда ва ин нишондиҳандаи адами итминони Риёз нисбат ба иддаоҳои Кохи Сафед аст, аммо бояд дид, ки чӣ чизе боис шуда то Амрико бори дигар ба Эрон иттиҳом ворид кунад.

Расонаҳои Покистон бо ишора ба аҳамияти ҳамла ба “Арамко” навиштанд, пас аз ин ҳамла ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таниши ҷадиде рӯ ба рӯ шудааст, аммо бо вуҷуди иттиҳомоти зиддиэронии Амрико, қудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Чин ва Русия ҳамчунон дар канори Эрон ҳастанд.

Рӯзномаи “Экспресс”, чопи шаҳри Исломобод титри сафҳаи аввали худро ба ҳамалоти паҳподӣ ба таъсисоти нафтии Саудӣ ихтисос дод ва навишт: Русия ва Чин ҳомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд ва ҳушдор доданд, набояд бар мабнои шавоҳиди мубҳам даст ба иқдом алайҳи кишваре зад.