Сентябр 17, 2019 18:29 Asia/Dushanbe
  • Шарти Толибон барои пойбандӣ ба тавофуқ бо Амрико

Сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар, пойбандии ин гурӯҳ ба тавофуқ бо Амрикоро вобаста ба иҷрои тааҳҳудоти ин кишвар донист.

Суҳайли Шоҳин гуфт, агар Амрико ба тааҳҳудоти худ амал накунад, масъули идомаи ҷанг дар Афғонистон хоҳад буд.

Пеш еш аз ин низ сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар афзуд, замоне, ки Амрико ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистонро эълом кунад, роҳ барои оғози музокироти байналафғонӣ ҳамвор хоҳад шуд.

Шермуҳаммад Аббос Истонакзай, раиси тими музокиракунандаи гурӯҳи Толибон низ чанде пеш гуфта буд, низомиёни амрикоӣ барои дар амон мондан аз ҳамалоти Толибон, роҳе ҷуз хуруҷ аз Афғонистон надоранд.

Нуҳумин даври музокироти намояндагони Амрико ва гурӯҳи Толибон ахиран дар Қатар бидуни натиҷа ба поён расид ва ба дунболи он Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико таваққуфи ин музокиротро содир кард.

 

 

 

 

 

 

Барчасп