Интиқоди Русия аз таҳримҳои зиддиэронии Трамп  
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46850-Интиқоди_Русия_аз_таҳримҳои_зиддиэронии_Трамп
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена аз тасмими раисҷумҳури Амрико барои эъломи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 19, 2019 06:39 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз таҳримҳои зиддиэронии Трамп  

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена аз тасмими раисҷумҳури Амрико барои эъломи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттер навишт: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳоле тасмими худ барои ташдиди таҳримҳо алайҳ Эронро эълом кард, ки ҳеҷ кишваре аз эъмоли ин таҳримҳо баҳраманд намешавад.

Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттер навишт: Ба Стив Мнучин, вазири хазонадории Амрико дастури афзоиши таҳримҳо алайҳи Эронро додааст.

Амрико 8 –уми майи соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом, аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ шуда ва таҳримҳои ғайриқонуниро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бозгардондааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз як соли сабри роҳбурдӣ ва дар вокуниш ба иқдомҳои душманонаи Амрико ва инфиоли Аврупо дар муқобили ин иқдомҳо, коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худро дар пеш гирифт, ки то кунун се гомро дар ин хусус бардоштааст. Гоми севуми Эрон барои коҳиш ва таваққуфи бархе тааҳҳудот дар хусуси БарҶом аз 7 сентябр оғоз шуд.