Сентябр 21, 2019 17:14 Asia/Dushanbe
  • Афви Байналмилал ҳамлаи Амрико ба коргарони афғонро маҳкум кард

Созмони Афви Байналмилал дар баёнияе ҳамлаи ҳавоии низомиёни амрикоӣ ба коргарони афғонро дар устони Нангарҳори ин кишвар маҳкум кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Созмони Афви Байналмилал рӯзи шанбе дар баёнияе таъкид кард: Амалиёти ҳавоии низомиёни амрикоӣ, ки дар он афроди ғайринизомӣ ҳадаф қарор гирифтанд, қобили пазириш нест.

 Афви Байналмилал аз низомиёни амрикоӣ хостааст, дар амалиёти ҳавоӣ ғайринизомиёнро ҳадаф қарор надиҳанд.

Бар асари ҳамлаи ҳавоии ахири низомиёни амрикоӣ дар шаҳристони Хугёнии Нангарҳор дастикам 40 нафари дигар захмӣ шуданд.

Мақомот ва мардуми Афғонистон борҳо хурӯҷи низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрикоро аз кишварашон хостор шудаанд.

 

Барчасп