Озодии паноҳгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз тасарруфи Толибон
Дараи Юмгони Бадахшон, ки ба паноҳгоҳу оромгоҳи ҳаким Носири Хусрав, шоиру файласуфи баландовозаи форсӣ маъруф аст, аст пас аз чаҳор сол аз дасти Толибон озод шуд.
Минтақаи Юмгони Бадахшон, ки маҳалли оромгоҳи Носири Хусрав, шоири баландовозаи форсизабон аст, чаҳор сол қабл ба дасти Толибон суқут карда буд.
Вазорати дифои Афғонистон бо интишори хабарномае эълом кардааст, ки нерӯҳои дифоӣ ва амниятии ин кишвар дар амалиёти ҳавоиву заминӣ дар минтақаи Юмгони вилояти Бадахшон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, талафоти сангинеро ба Толибон ворид кардаанд.
Сиддиқи Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон низ дар сафҳаи твиттериаш навиштааст, ки ин шикасти бузург барои ин гурӯҳи хашин дар шимоли Афғонистон аст.
Дар рӯзҳои ахири ин дувумин минтақа дар наздикии марз бо Тоҷикистон аст, ки аз тасарруфи Толибон озод мешавад.
Пеш аз ин нерӯҳои давлатии Афғонистон кjнтроли минтақаи Янги Қалъа дар вилояти Тахорро аз Толибон пас гирифта буданд.