Сентябр 23, 2019 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори фармондеҳи артиши Ҳинд ба Покистон

Фармондеҳи артиши Ҳинд, Покистонро ба ҳимоят аз ончӣ тероризм номид муттаҳам кард.

Бипин Рават, фармондеҳи артиши Ҳинд гуфт, акнун замони он расида аст, то бар Кашмри таҳти кантроли Покистон тамаркуз шавад ва артиши Ҳинд барои озодии ин минтақа омодааст.

Моҳи гузашта низ фармондеҳи артиши Ҳинд эълом карда буд, ин нерӯи дар пайи дастури давлати Ҳинд барои озодии Кашмири таҳти кантроли Покистон аст .

S Jaishankar, вазири умури хориҷаи Ҳинд низ рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Деҳлии Нав гуфта буд, Кашмири таҳти кантроли Покстон бахше аз Ҳинд аст ва Деҳлии Нав умедвор аст, рӯзе битавонад қонуни асосии Ҳиндро дар ин минтақа иҷро кунад.

Ин изҳороти фармондеҳи артиши Ҳинд дар миёни хашми Покистон аз Ҳинд ба далели лағви ихтиёроти вижа дар Ҷому ва Кашмир тавассути Моди мунташир мешавад.

Исломобод талош кардааст, то масъалаи Кашмири таҳти кантроли Ҳиндро дар маҷомеи байналмилалӣ аз ҷумлаи СММ матраҳ кунад. Аммо ҳинд бо байналмилалӣ шудани ин минтақа, мухолиф ва эълом карда аст, ин масъала бояд бо Покистон ба сурати дуҷониба ҳал шавад.

Нахустивазир Ҳинд 5 август аз тасмими худ барои лағви ихтиёроти вижаи минтақаи Ҷому ва Кашмир хабар дод.

Дар ҳоли ҳозир бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва қисмати дигар дар Покистон қарор дорад.

Ҳар ду кишвар иддаоии моликият бар тамоми Кашмирро доранд ва ҳамин мавзӯ, яке аз илали аслии муноқишаи дерина миёни Деҳлии Нав ва Исломобод аст.

 

Барчасп