Сентябр 24, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии 500 шахсияти исломӣ дар Русия

Ҳафтумин гирдиҳамоии байналмилалии мусулмонон бо ҳузури беш аз 500 тан аз уламову шахсиятҳои барҷастаи мазҳабӣ аз 42 кишвар, дар Масҷиди ҷомеи Маскав баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА, Абӯзар Иброҳимии Туркмон, раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ба ҳамроҳии оятуллоҳ Муҳаммадалии Тасхирӣ, мушовири олии мақоми муаззами раҳбарӣ дар умури ҷаҳони Ислом ба намояндагӣ аз Эрон дар ин гирдиҳамоӣ ҳузур ёфтанд.

Ин гирдиҳамоӣ ба даъвати Равил Ғайнутдин, муфтии аъзам ва раиси идораи мусулмонони Русия ва дар яксаду понздаҳумин соли сохти Масҷиди ҷомеи пойтахти Русия баргузор шуд.

Оятуллоҳ Тасхирӣ ва Иброҳимии Туркмон имрӯз, сешанбе, дувуми меҳрмоҳ дар ҳамоиши байналмилалии “Ислом дар ҷаҳони фарогир”, ки бо ҳузури масъулону шахсиятҳои сиёсиву мазҳабии кишварҳои исломӣ баргузор мешавад, ширкат ва дар бораи роҳҳои ваҳдату якпорчагии мусулмонон барои муқобила бо тавтеаҳои душманони ислом суханронӣ хоҳанд кард.

 

 

 

 

Барчасп