Ҷаримаи 14 ҳазордолларӣ барои номзадҳои раёсати ҷумҳурии камтарафдор дар Афғонистон
Сухангӯи Камиссиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботии Афғонистон эълом кард, номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ, ки ҳадди ақал 10 дарсад аз маҷмӯи ороро касб накунанд, 14 ҳазор доллар ҷарима мешаванд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Муҳаммадқосим Илёсӣ афзуд, бар асоси қавонини интихоботии ин кишвар, номзадоне ки натавонанд ҳадди ақал 10 дарсади маҷмӯи ороро касб кунанд, мукаллаф ба пардохти ҷаримаи як миллион афғонӣ (ҳудуди 14 ҳазор доллар) мешаванд.
Ҳаким Турсун, аз номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо ишора ба камранг будани фаъолияти бархе номзадҳо дар рақобатҳои интихоботӣ гуфт, тамоми имконот дар ихтиёри раиси ҷумҳурӣ ва раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон қарор дорад.
Чаҳорумин даври интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон шанбеи ҳафтаи оянда баргузор хоҳад шуд ва 16 номзади раёсати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллӣ бо якдигар рақобат хоҳанд кард.