Ҳушдори Гутерреш дар бораи нооромиҳо дар ғарби Осиё
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳдиди даргирии мусаллаҳона дар минтақаи халиҷи Форс ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз, сешанбе ба унвони суханрони оғозкунандаи ҳафтодучаҳорумин нишасти сарони Маҷмаи умумӣ дар мақари ин созмон дар Ню-Йорк гуфт: “Ҷаҳон тоби табаоти даргириро надорад”.
Гутерреш ибрози умедворӣ кард, ҳамаи кишварҳо битавонанд дар шароити эҳтирому ҳамкории дуҷониба ва бидуни мудохила дар умури дохилии дигарон, зиндагӣ кунанд.
Дабири кулли СММ бо ишора ба густариши терроризм ва оғози рақобати таслеҳотии ҷадид дар ҷаҳон гуфт, умед аст, ки битавон пешрафти ба дастомада дар заминаи манъи густариши таслеҳоти атомиро, ки намоди он тавофуқи ҳастаии БарҶом аст, ҳифз кард.
Гутерреш дар айни ҳол гуфт, дар дурнамои ҷаҳон шоҳиди идомаи даргириҳо, идомаи густариши тероризму хатари азсаргирии рақобати таслеҳотии тоза ҳастем ва ҳанӯз бисёре аз буҳронҳо аз Яман то Либия ва Афғонистону нуқоти дигар ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондааст.
Маҷмаи умумӣ яке аз шаш гурӯҳбандии СММ ва яке аз гурӯҳҳое аст, ки нақши муҳиме дар тасмимгириҳо дорад. Ҳамчунин танҳо гурӯҳе аст, ки ҳамаи 193 узви СММ дар он узвият доранд.
Конфаронсҳои солонаи ин маҷмаъ сентябри ҳар сол дар мақари СММ дар Ню-Йорк баргузор мешавад.