Интишори маҷмӯаи достонҳои дифои муқаддас дар Русия
Китоби маҷмӯаи достонҳои дифои муқаддас бо номи “Достонҳои шаҳри ҷангӣ” ба забони русӣ дар Русия чоп ва мунташир шуд.
Ин китоб дар асл ба забони форсӣ, ба қалами Ҳабиб Аҳмадзода, аз нависандагони Эрон навишта шудааст ва ҳафт достон бо мавзӯи дифои муқаддас ва ҷанги Эрону Ироқро шомил мешавад.
Ба гузориши ИКНА, тарҷумаи ин асар ба забони русиро Светлана Тарасова ва виростории онро Татяна Хонино анҷом додаанд. Асари фавқ дар 220 сафҳа аз сӯи интишороти “Садро”-и Маскав чопу мунташир шудааст.
Бино ба эъломи бунёди мутолеоти исломии Русия, “Фирори марди ҷангӣ”, “Пари уқоб”, “Ҳавопаймо”, “Чатре барои коргардон”, “Сивунуҳ ва як асир”, “Номаҳое ба хонаводаи Саъд” ва “Агар Дарёқулӣ набуд” - достонҳои ин маҷмӯаро ташкил медиҳанд ва дар тарҷумаи русии ин асар ду достони “Нана” ва “Интиқом, интиқом, интиқом” низ афзуда шудааст.
Ҳабиб Аҳмадзода барои русҳо шахсияте шинохта шудааст ва мардуми Русия ӯро бо китоби “Шатранҷ бо мошини қиёмат” мешиносанд ва метавон гуфт, мухотабони рус мунтазири осори ҷадиди ӯ ҳастанд.
Қалами равону сабки шевои “Достонҳои шаҳри ҷангӣ” аз вижагиҳое аст, ки бар ҷаззобияти он меафзояд. Достонҳои ин китоб ҳамагӣ реша дар воқеият доранду Ҳабиб Аҳмадзода бо шеваи хосе, ки дунбол мекунад, ҳаяҷони мухотабро барангехтаву ӯро то поён бо худ ҳамроҳ мекунад.
Бунёди мутолеотии исломии Русия бо ҳадафи муаррифии гуфтумони инқилобу фарҳанги дифои муқаддас то кунун осореро ҳамчун “Ман зиндаам”, навиштаи Маъсумаи Обод, “Шатранҷ бо мошини қиёмат”, Ҳабиб Аҳмадзода ва “Гулистони ёздаҳум”, Беҳноз Заробизода мунташир кардааст ва дар оянда низ “Ноҳид”, “Шаҳриёри Замонӣ ва “Об ҳаргиз намемирад”, Ҳамиди Ҳисомро тарҷумаву мунташир хоҳад кард.