Гузориши "FBI" дар мавриди Ҳиллари Клинтон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i4705-Гузориши_fbi_дар_мавриди_Ҳиллари_Клинтон
Полиси федерали Амрико "FBI" эълом кард, номзади Ҳизби демократи интихоботи раёсатҷумҳурӣ асноди маҳрамонаи давлатиро дар ҳотеле дар Русия ҷо гузоштааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 24, 2016 15:00 Asia/Dushanbe
  • Гузориши

Полиси федерали Амрико "FBI" эълом кард, номзади Ҳизби демократи интихоботи раёсатҷумҳурӣ асноди маҳрамонаи давлатиро дар ҳотеле дар Русия ҷо гузоштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Полиси федерали Амрико "FBI" рӯзи шанбе бо интишори асноде фош кард, "Ҳиллари Клинтон", номзади демократҳо дар интихоботи соли 2016-и раёсатҷумҳурии Амрико, дар даврони тасаддиаш баунвони вазири умури хориҷа, дар сафар ба Русия асноди маҳрамонаро дар ҳотеле дар ин кишвар ҷо гузоштааст.

Тибқи асноди "FBI", китоби ҳовии асноди маҳрамона набояд ба ин ҳотел дар Русия ворид мешуд .

"FBI" теъдоди зиёде номаҳои электронӣ ё имейлҳои даврони вазорати Ҳиллари Клинтонро аз сервери шахсиаш бозёбӣ кардааст, аммо ин аснод то баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар ноябри 2016 аланӣ нахоҳад шуд.

Гурӯҳи муҳофизакори "Judy shawl Watch" (дидабони қазоӣ) дар Амрико, ки ниҳоде ғайриҳизбӣ бо ҳадафи густариши шаффофият, масъулиятпазирӣ ва якпорчагӣ дар давлати Амрико аст, бо тарҳи додхосте, интишори ҳамаи 14 ҳазору 900 имейли бозёбӣ шудаи "FBI"-ро хостор шудааст.

Ҳиллари Клинтон дар соли 2014, беш аз 55 ҳазор имейли худро дар ихтиёри бозпурсони Вазорати хориҷаи Амрико қарор дод ва муддаӣ шуд, ҳамаи ин аснод муҳтавии иттилооти марбут ба ҳавзаи фаъолияташ будааст.