Сентябр 28, 2019 16:15 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи ресторани ғизои ҳалоли ҷадид дар Лонг Айланди Амрико

Ресторани ғизои ҳалоли ҷадид дар Лонг Айланди Амрико ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ҳавза”, ресторани ғизои ҳалол ахиран тавассути як хонаводаи мусулмон дар Long Island, воқеъ дар иёлати Ню-Йорк, дар Амрико ифтитоҳ шудааст.

Ресторани “Зура ҳалол Грил” маҳалле барои ҳузури меҳмон доштаву муштариён ҳамчунин метавонанд ғизоро бо худашон бибаранд. Ғизоҳои ҳалоли ин ресторан шомили мурғ, барраву фалофил ва биринҷу ғайра мебошанд.

Дар солҳои ахир ғизоҳои ҳалолу исломӣ бо дастури пухтҳои шарқиву мутафовит, ба вижа дар миёни амрикоиҳо бо истиқболи қобили таваҷҷуҳе рӯ ба рӯ будаву дастфурӯшони мусулмони зиёде ба ин шева муваффақ ба касбу даромад шудаву ғизоҳои ҳалолро низ ба ғарбиҳо муаррифӣ кунанд.