Ширкати боксчии муҳаҷҷабаи олмонӣ дар мусобиқоти олимпӣ
(last modified Sat, 28 Sep 2019 12:10:52 GMT )
Сентябр 28, 2019 17:10 Asia/Dushanbe
  • Ширкати боксчии муҳаҷҷабаи олмонӣ дар мусобиқоти олимпӣ

Боксчии муҳаҷҷабаи олмонӣ қасди ширкат дар мусобиқоти олимпиро дорад.

Боксчии зани муҳаҷҷаба, ки ба тозагӣ аз сӯи Федератсияи байналмилалии бокс иҷозаи ширкат дар мусобиқотро ба даст овардааст, мегӯяд ки рӯъёи ширкат дар олимпиадаи Токиоро дар сар мепарваронад.

Зийно Носир, боксчии муҳаҷҷабаи аҳли Берлин пас аз ба даст овардани ҳаққи доштани ҳиҷоб дар ринги мусобиқа, ба орзуи худ барои ширкат дар бозиҳои олимпии Токио як қадами бузург наздиктар мешавад.

Носир дар вақфаи миёни ду мусобиқа дар ҷавоби хабарнигорон гуфт: Ба назар мерасад, ки ман бояд ду бор худамро собит кунам. Аввал ин, ки бояд худамро ба унвони як зани боксчӣ собит кунам ва дуввум зане, ки ҳиҷоб ба сар мекунад ва дар айни ҳол ин амр маро қавитар низ сохтааст.

Ин варзишкори 21-сола, ки бо тамошои филмҳои онлайн ба унвони наваҷавон бокси занонаро пайдо карда ва як қаҳрамони сабуквазни олмонӣ аст, қасд дорад дар мусобиқоти олимпӣ дар ин ришта ширкат кунад.