Сентябр 29, 2019 12:41 Asia/Dushanbe
  • Сел дар шимоли Ҳинд бо даҳҳо кушта

Ҷорӣ шудани сел дар шимоли Ҳинд дар як рӯз даҳҳо кушта бар ҷой гузошт.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Идораи мубориза бо ҳаводиси табиии иёлати Отарпрадеши Ҳинд эълом кард, дар 24 соати гузашта ҳудуди 60 нафар бар асари бориши шидиди борон ва ҷорӣ шудани сел дар ин иёлат ҷон бохтаанд ва шумори дигаре низ мафқуд шудаанд.

Ин бориш борҳо ҳамчунин зиндагии садҳо ҳазор нафар дар иёлати Отарпрадешро таҳти таъсир қарор додааст.

Сел моҳи гузашта дар ҷануби Ҳинд низ камаш 244 кушта бар ҷой гузошт.

Боришҳои Монсон дар ҷануби Осиё, ки муҷиби ҷорӣ шудани сел ва рониши замин мешавад ҳар сол аз моҳи июн то сентябр идома дорад.

Барчасп