Сояи тарс аз тирандозӣ бар сари донишомӯзони амрикоӣ
(last modified 2019-09-29T14:56:32+00:00 )
Сентябр 29, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Сояи тарс аз тирандозӣ бар сари донишомӯзони амрикоӣ

Донишомӯзони амрикоӣ дар ҳарос аз тирандозӣ ва куштор дар мадорис таҳсил мекунанд.

Пойгоҳи интернетии рӯзномаи амрикоии "Ҳейл" навишт: Бар асоси натоиҷи дар таҳқиқоти Бунёди ҳимоят аз кӯдакон, сеяки донишомӯзони амрикоӣ аз вуқӯи ҳодисаи тирандозӣ дар мадрасаи худ бимнок ҳастанд.

"Ҳейл" бо ёдоварии ҳоисаи тирандозии мадрасаи Колумбиан дар аввалҳои соли 1999 навишт: Мутассифона ин тарс беҷо нест, зеро тозатарин иттилоот нишон медиҳад, ки ҳар ду соату 34 дақиқа як кӯдак ё навҷавон бо силоҳи гарм кушта мешавад ва 3410 кӯдак ва навҷавон дар соли 2017 бар асари тирандозӣ кушта шуданд.

Дар солҳои ахир теъдоди кӯдакон ва навҷавоне, ки дар Амрико бар асари хушунатҳои муртабит бо силоҳ кушта мешаванд, дар муқоиса бо маҷмӯи афроде, ки ба сабаби саратон, синапаҳлӯ, астма ва СПИД ҷони худро аз даст медиҳанд, бештар будааст.

 

Барчасп