Сентябр 29, 2019 20:56 Asia/Dushanbe
  • Иддаои раиси Ҳизби исломии Афғонистон мабнӣ бар пирӯзӣ дар интихобот

Раиси Ҳизби исломии Афғонистон муддаии пирӯзӣ дар интихобот шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Тулӯъ, Гулбидин Ҳикматёр, яке аз номзадони интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар ҳоле, ки натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом нашудааст, иддао кард яқин дорад пирӯзи интихобот аст.

Ин ҳомии гурӯҳи такфирии ДОИШ ҳамчунин сарони давлати Афғонистонро ба тақаллуб ва истифода аз манобеи давлатӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии дирӯз муттаҳам кард.

 

Барчасп