Мушорикати заифи мардуми Афғонистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ
Аз маҷмӯи сездаҳ миллион воҷиди шароит барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, танҳо ҳудуди ду миллиону дусад ҳазор нафар дар ин интихобот ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.
Ба гузориши ИРНА, шумори воҷидони шароит барои ширкат дар ин давра аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз маҷмӯи беш аз 35 миллион нафар ҷамъият, 13 миллион нафар эълом шуд, ки аз ин теъдод 9 миллиону 600 ҳазор нафар сабти ном карда буданд.
Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар баёнияе эълом кард, ки бар асоси тозатарин омор аз се ҳазору 736 маркази раъйгирӣ шумори ширкаткунандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ду миллиону 196 ҳазор нафар баровард шудааст.
Дар баёнияи Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон омадааст: то кунун дар бораи сарнавишти натоиҷи орои 234 маркази раъйдиҳӣ иттилое дар даст нест ва орои 786 маркази раъйгирии дигар низ дар ҳоли ирсол ба Кобул аст.
Чаҳорумин даври интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе бо рақобати 13 номзад дар чаҳор ҳазору 756 маркази раъй баргузор шуд.
Комиссиюни интихоботи Афғонистон эълом кард, қарор аст имрӯз шумори кулли раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кунад.
Натоиҷи ибтидоии интихобот се ҳафтаи дигар эълом хоҳад шуд.