Сентябр 30, 2019 12:38 Asia/Dushanbe
  • Оташкушоӣ миёни марзбонони Ҳинд ва Покистон дар хатти Кашмир

Манобеи амниятӣ аз оташкушоӣ миёни марзбонони ҳиндӣ ва покистонӣ дар хатти контроли Кашмир хабар доданд.

Ба гузориши ИРНА, артиши Покистон эълом кард, тирандозии марзбонони ҳиндӣ ба бахшҳое аз минтақаи хатти контроли Кашмири Покистон ду куштаву се захмӣ барҷой гузоштааст.

Низомиёни покистонӣ низ дар посух ба ин иқдом, мавозеи марзбонони ҳиндӣ дар он сӯи хатти контроли Кашмирро ҳадаф қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол вазири дифои Ҳинд, ки барои боздид аз мизони омодагии нерӯҳои низомии ин кишвар бар арша ё рӯи нови ҳавопаймобари Ҳинд ҳузур ёфта буд ба давлати Покистон дар заминаи ҳар гуна таҳаррук дар марзҳои кишвараш ҳушдор дод.

Нерӯҳои марзбонии Ҳинду Покистон ҳамвора мавозеи якдигарро дар хатти контроли Кашмир ҳадаф қарор медиҳанд ва ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Ҳинду Покистон дар соли 2003 тавофуқи оташбас дар хатти контроли Кашмирро имзо ва аз он замон ҳар ду кишвар борҳо онро нақз кардаанд.

Кашмир яке аз муҳимтарин масоили мавриди ихтилоф байни Ҳинду Покистон аст ва ҳарду кишвар иддаои моликияти онро доранд.

 

 

Барчасп