Иқдоми аҷиби давлати Чин дар ҳафтодумин солгарди таъсиси ҷумҳурии халқ
Давлати Чин эълом кардааст, ки пеш аз режа ё паради низомиёни ин кишвар ба муносибати ҳафтодумин солгарди таъсиси ҷумҳурии халқи Чин 620 ҳазор телевизионро ба хонаводаҳои камбизоат ҳадя медиҳад.
Ба гузориши “Интихоб”, Чин қасд дорад шароитеро эҷод кунад, ки дидани тасовири режаи низомии сарбозони ин кишвар, ки сешанбеи якуми октябр баргузор мешавад, барои ҳама имконпазир бошад.
Барои расидан ба ин ҳадаф давлат беш аз 620 ҳазор телевизионро ба хонаводаҳое медиҳад, ки эҳтимолан ба далели фақр, телевизион надоранд, ки бихоҳанд маросимро тамошо кунанд.
Бар ин асос масъулон дар Чин дар ҳоли эҳдои телевизионҳои lcd ва 32 инчи ба мардум ҳастанд, ки тавлиди як бренди дохилӣ аст.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин рӯйдод ва режаи комили низомӣ, пешбинӣ мешавад бархе аз пешрафтатарин мушакҳо, паҳподҳо ва соири силоҳҳои Чин ба намоиш гузошта шавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин режа дар ҳама билбурдҳо ва сафҳаҳои намоишии марокизи умумӣ дар сатҳи Чин пахш мешавад ва ҳама мағозаҳо ва идорот низ онро ба намоиш мегузоранд, бисёр баид ба назар мерасад, ки фарде дар Чин зиндагӣ кунад ва ин режаро тамошо накунад.