Октябр 01, 2019 10:40 Asia/Dushanbe
  • Рушди чанд баробарии ҷамъияти мусалмонони Маскав

Раиси Шурои муфтиёни Русия бо ишора ба афзоиши чандбаробарии ҷамъияти мусалмонон дар Маскав муҳоҷирони Осиёи Миёнаро омили ин масъала донист.

Ба нақл аз Икно, шайх Равил Айнуддин раиси Шурои муфтиён ва Идораи руҳонияти мусалмонони Русия, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Известия-и ин кишвар изҳор кард, дар соли 1997 шаҳрдори Маскав теъдоди мусалмонони ин шаҳрро 800 ҳазор нафар эълом кард, аммо имрӯз ба гуфтаи масъулони шаҳрдорӣ се то чаҳор миллион мусалмон дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд.

Вай афзуд, ин теъдод мусалмон сокинони доимӣ ва муваққати Маскав ҳастанд ва муҳоҷирони Осиёи Миёна далели чунин рушде будаанд.

Равил Айнуддин тасреҳ кард, дар даврони Шуравии собиқ дар намози Иди Фитр ва Иди Қурбон 35 ҳазор мусалмон дар Маскав ҷамъ мешуданд, аммо акнун 130 ҳазор нафар фақат дар масҷиди ҷомеи ин шаҳр ҳузур меёбанд.

Вай бо ишора ба камбуди масҷидҳо дар Русия, дар бораи мушкилоти марбут ба эҳдоси биноҳои фарҳангӣ барои мусалмонон дар Маскав ва кулли Русия матолиберо баён кард.