Октябр 01, 2019 10:59 Asia/Dushanbe
  • Мизбонии Италия аз намоишгоҳи ошуроӣ

Намоишгоҳи Сафината наҷота (киштии наҷот) бо мазомини ошуроӣ шомили осори нақошии Ҳасани Руҳулъамин аз ҳунармандони Эрон дар Анҷумани Алмаҳдӣ (аҷ) шаҳри Рим пойтахти Италия баргузор шуд.

Ба нақл аз Икно, ин намоишгоҳ бо мушорикати ройзании фарҳангии Эрон дар Рим ва бо намоиши панҷ қатъа аз осори нақошии Ҳасани Руҳулъамин дар қолиби тарҳи "Ислом ва масеҳият: шури ошуро" барпо шуд.

Дар оини гушоиши ин намоишгоҳ, ки бо ҳузури Акбари Қулӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Рим баргузор шуд, Ҳусайни Мурилӣ аз мусалмонони италияӣ, ки мудирияти иҷроии Анҷумани Алмаҳдӣ (аҷ)-ро бар уҳда дорад таи суханоне зимни муъаррифии фалсафаи ошуро ва ташреҳи вуҷуҳи иштироки мафҳумии он дар ислом ва масеҳият мухотаби пайёми ин қиём ва омӯзаи озодагии наҳуфта дар онро фаротар аз пайравони як мазҳаб ва дини ҷомеаи башарӣ муаррифӣ кард.

Ҳадаф аз барпоии намоишгоҳи Сафината наҷота дар Италия интиқоли пайёми ошуро бо баҳрагирӣ аз забони ҳунар ба мухотаби италияӣ эълом шуд ва Фаронса ва Олмон пеш аз ин мизбони ин намоишгоҳ буданд.