Октябр 01, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Баргузории силсиласуханрониҳои “Дарки исломӣ” дар донишгоҳи Ню-Йорк

Силсиласуханрониҳои динӣ бо унвони “Дарки исломӣ” ба муддати 7 ҳафта паёпай, бо ҳузури мушовири мазҳабӣ дар Донишгоҳи “Сиракюс” дар Ню-Йорк баргузор мешавад.

Амир Дурек, мушовири мазҳабии мусулмонон дар ин бора мегӯяд, ин гуфтугӯҳо қарор аст ба донишҷӯёни мусулмон ва ғайримусулмон биёмӯзад, ки дарки беҳтаре аз Ислом дошта бошанд ва бидонанд, ки Ислом воқеан чӣ маъное дорад ва он чизе, ки бархе расонаҳои ҷамъӣ таблиғ мекунанд, нест.

Гуфтугӯҳо қарор аст дар салони китобхона дар асри чаҳоршанбеҳо аз соати 5:30 то 7 баъд аз зуҳр барпо бошад ва дар 13 ноябр бо ҳузури ширкаткунандагон дар масҷиди маҳаллӣ ба поён бирасад. Нишасти поёнӣ дар масҷид баргузор хоҳад шуд ва гурӯҳҳое чун Анҷумани китобхонаҳои донишгоҳи Сиракюс, Анҷумани исломии донишгоҳ ва созмони Зиндагии донишҷӯёни мусулмон ҳимояти молии ин тарҳро бар уҳда доранд.

Мушовир исломии донишгоҳ афзуд: Ҳадафи мо ин аст, ки ибҳомот перомуни мавзӯоти асосӣ, аз ҷумла ҷаҳон, қавонини шариат ва усулгароиро, ки боис шуда сӯибардоштҳои зиёде дар бораи Ислом ба вуҷуд биёяд, бартараф созем.

Дурек гуфт, ҳадаф ҳамчунин ин аст, ки фазое фароҳам созем то ширкаткунандагон бидуни тарсу нигаронӣ суолоти худро аз мо бипурсанд.

Ба гуфтаи вай, теъдоди ширкаткунандагон дар нишастҳои гузашта 50-50 (мусулмон ва ғайримусулмон) будааст ва донишҷӯён ва афроди оддӣ дар ин рӯйдодҳо ширкат доштаанд.