Октябр 01, 2019 17:37 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тими Ашраф Ғанӣ ба суханони Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Муовини аввали тими интихоботии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба суханони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари тими Субот ва ҳамгароӣ вокуниш нишон дод ва аз онҳо хост, иҷоза диҳанд комиссияи интихобот натиҷаро эълом кунад.

Амруллоҳ Солеҳ дар нишасти хабарӣ дар Кобул эълом кард, натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ӯҳдаи комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон аст.

Вай ба сурати талвеҳӣ Ашрафғаниро пирӯзи интихобот хонд ва дар айни ҳол гуфт, тимҳои интихоботӣ бояд ба иродаи миллати Афғонистон эҳтиром гузошта ва ба қонун тан диҳанд.

Пеш аз ин Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари тими Субот ва ҳамгароии Афғонистон тими худро барандаи интихобот донист ва гуфт, ин тим давлати ояндаро ташкил хоҳад дод.

Вай тими рақибашро ба тақаллуби созмонёфта муттаҳам кард ва аз комиссияи расидагӣ ба шикоёти интихобот хост, ба шикоятҳои мустанади онҳо расидагӣ кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳарчанд таъкид кард, мунтазири эъломи натоиҷ аз тариқи комиссия интихобот хоҳад монд, аммо тасреҳ кард, тими вай раъйи лозим барои ташкил давлатро касб кардааст.

Комиссияи интихоботи Афғонистон низ эълом кард, ҳеҷ тиме иҷоза надорад пешдоварӣ карда ва қабл аз натоиҷ, худро баранда эълом кунад.

Чаҳорумин даври интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе бо рақобати 13 номзад, аз ҷумла Ашрафғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар чаҳор ҳазору 756 маркази раъй баргузор шуд.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард, натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии 19 октябр ва натоиҷи ниҳоии он низ ҳафтуми ноябр эълом хоҳад шуд.