Украина таҳримҳои Эронро лағв кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i472
Дар пайи ба имзо расидани тавофуқи ҳастаии Эрон ва "Гурӯҳи 5+1" Шӯрои амният ва диофи миллии Украина рафъи таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эронро ба тасвиб расонд, ки раисиҷумҳури Украина имрӯз ин мусаввабаро имзо ва фармони рафъи таҳримҳо алайҳи Эронро содир кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 21, 2016 17:16 Asia/Dushanbe
  • Украина таҳримҳои Эронро лағв кард

Дар пайи ба имзо расидани тавофуқи ҳастаии Эрон ва "Гурӯҳи 5+1" Шӯрои амният ва диофи миллии Украина рафъи таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эронро ба тасвиб расонд, ки раисиҷумҳури Украина имрӯз ин мусаввабаро имзо ва фармони рафъи таҳримҳо алайҳи Эронро содир кард.

Раисҷумҳури Украина бо судури фармоне ҳукми амалӣ шудани қонуни тасвибкардаи Шӯрои амният ва дифои миллии ин кишварро мабнӣ ба рафъи таҳримҳои Эрон имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина рӯзи гузашта бо гузашти як моҳ аз тасвиби лағви таҳримҳои Эрон дар Шӯрои амният ва дифои миллии Украина фармоне содир кард ва ба таври расмӣ ба иҷрои он ҳукм дод.

Шӯрои амният ва дифои миллии Украина, ахиран, ба дунболи тавофуқи ҳастаии Эрон ва "Гурӯҳи 5+1" тарҳи лағви таҳримҳои Эронро тасвиб карда буд. Украина ҳамроҳ бо дигар кишварҳои урупоию ғарбӣ ба гурӯҳи кишварҳое, ки бо баҳонаи барномаи ҳастаӣ Эронро таҳрим карда буданд, пайваста буд, ки бо амалӣ шудани тавофуқи ҳастаӣ ҳукумати ин кишвар таҳримҳояшро алайҳи Эрон лағв кард.