Умрон Хон маҳбубтарин суханрон дар Маҷмаи умумии Созмони Милал+ Видео
(last modified Wed, 02 Oct 2019 08:31:18 GMT )
Октябр 02, 2019 13:31 Asia/Dushanbe

Шабакаи телевизионии амрикоии CNBC Умрон Хонро ба унвони маҳбубтарин раҳбар дар Маҷмаи умумии Созмони Милал муаррифӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, ба гуфтаи ин расона нахуствазири Покистон тавонист бо суханронии кӯбанда бо чошнии эҳсосот ва истифода аз забони бадан таваҷҷӯҳи тамоми мухотабони ҳозир дар ҷаласаро ба суханронии худ ҷалб кунад.

Нахуствазири Покистон дар суханронии худ дар Созмони Милал панҷ бор бо ташвиқи ҳозирин ҳамроҳ шуд ва ин дар суханронии як масъул дар Созмони Милал бесобиқа будааст.

Вай танҳо дар баёни ҷумлаи "Мо мусалмон ҳастем ва агар ниёз ба набард Бо ҳинд пайдо кунем, то лаҳзаи охир хоҳем ҷангид" ду бор бо ташвиқи тамоми аъзои Созмон ҳамроҳ шуд.

Ҳафтаи қабл ҳаштаги "Умрон Хон - Садои Кашмир" бо беш аз 600000 ҷустуҷӯ ва твит табдил ба пурмухотабтарин ҳаштаги Твиттер шуда буд.

Умрон Хон дар Созмони Милал ба забони англисӣ ва бидуни нигоҳ ба барга суханронӣ кард.