Сафари ғайримунтазираи Халилзод ба Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47212-Сафари_ғайримунтазираи_Халилзод_ба_Покистон
Манобеи огоҳи Покистон сешанбешаб аз сафари ғайримунтазираи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон ба Исломобод хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 02, 2019 16:35 Asia/Dushanbe
  • Сафари ғайримунтазираи Халилзод ба Покистон

Манобеи огоҳи Покистон сешанбешаб аз сафари ғайримунтазираи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон ба Исломобод хабар дод.

Ба нақл аз ИРНА, расонаҳои покистонӣ ба нақл аз манобеи огоҳи ин кишвар эълом карданд, Халилзод қарор аст дар ин сафар бо мақомоти аршади Покистон дар бораи вазъияти музокироти мутаваққифшудаи Амрико бо гурӯҳи Толибон гуфтугӯ кунад.

Ин сафар дар ҳоле анҷом шуд, ки давлати Покистон зимни ибрози нохурсандӣ аз лағви музокироти Афғонистон, аз Кохи Сафед хост то дар масири эҳёи он гом бардорад.

Намояндаи Амрико дар умури Афғонистон, ки шомгоҳи сешанбе аз Чин ба Покистон омад, қарор буд севвуми сентябри гузашта ба Исломобод сафар кунад, ки ба далели тасмими ногаҳонии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои таваққуфи музокирот бо гурӯҳи Толибон, ин сафар низ анҷом нашуд.