Октябр 03, 2019 19:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори CNN дар бораи ҷанги Амрико бо Эрон

Шабакаи телевизиюнии CNN ҳушдор дод, ҳар гуна ҷанги эҳтимолӣ миёни Амрико ва Эрон фоҷеъабор хоҳад буд ва Вашингтон нахоҳад тавонист дар он пирӯз шавад.

Шабакаи хабарии CNN рӯзи панҷшанбе дар гузорише ҷанг бо Эронро фоҷеъабор донист ва худдории ахири Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро аз иқдоми низомӣ алайҳи Эрон, ҳӯшмандона тавсиф кард.

Ин гузориш дар хусуси паёмадҳои иқдоми низомӣ алайҳи Эрони афзуд: Ҳамла ба Эрон ҷанги печидае ба роҳ хоҳад андохт, ки Ғарб  ҳампаймонони Амрико наметавонанд ба содагӣ дар он пирӯз шаванд, аммо эҳтимолан ба содагӣ дар он шикаст хоҳанд хурд.

СНН ҳушдор дод, эҳтимол дорад ҳаргуна ҳамла ба Эрон, ногаҳон ба оташафрӯзии тамомайёр ва мухарриб табдил шавад ва оташи ин ҷанг метавонад Исроилро низ дар бар гирад.

СНН таъкид кард, ҳамакнун музокира бо Эрон зарурат дорад дар ғайри ин сурат мумкин аст, Эрон ғофилгириҳое барои минтақа дошта бошад.

Ин гузориш дар идома ба ҳамлаи паҳподии 14 сентябри артиши Яман ба таъсисоти нафтии Арабистони "Оромку" ишора кард ва афзуд: Амрико ба рағми ин ки Эронро ба даст доштан дар ин ҳамла муттаҳам мекунад, аммо ҳануз натавониста аст, эълом кунад, ки ин ҳамла аз куҷо анҷом шудааст.

 

Барчасп