Октябр 05, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Эфиопия мизбони семинари “Ҳифзи ахлоқ аз манзари Ислом ва масеҳият”

Семинари “Ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ аз манзари Ислом ва масеҳият” 28 обонмоҳи соли ҷорӣ ба ҳиммати ройзании фарҳангии Эрон дар Эфиопия баргузор мешавад.

Ба гузориши ИКНА, Салмон Рустамӣ, ройзани фарҳангии Эрон дар Адис - Абеба дирӯз, нуҳуми меҳрмоҳ бо Ёкуб Гидбу, муовини донишгоҳ ва раиси донишкадаи илоҳиёти Донишгоҳи Меконисус дидор кард.

Рустамӣ дар суханоне ба аҳамияти гуфт‍угуҳои динӣ ва ин ки ин гуфтугӯҳо метавонад боиси ошноӣ ва шинохти бештари ду дини Ислом ва масеҳият нисбат ба якдигар шавад, матолиберо баён кард.

Вай бо таъкид бар лузуми тавсеаи фаъолиятҳои динӣ миёни ду кишвар, баргузории семинари “Ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ аз манзари Ислом ва масеҳият бо ҳамкорит ин донишгоҳро хостор шуд.

Дар идомаи дидор муқаррар шуд, ки ин семинари тахассусӣ 28 обонмоҳ бо ҳузури асотиди эронӣ ва эфиопӣ дар салони ҷаласоти донишгоҳи Меканисус баргузор шавад.