Тарбияти 3150 фаъоли қуръонӣ дар ДорулҚуръони афғонистонии “Усаро”
Дар тӯли шаш соли фаъолияти ДорулҚуръони афғонистонии “Усаро” 3150 нафар дар ҳавзаҳои мухталифи ҳифз, рӯхонӣ ва давраҳои тарҷумаи мафоҳим тарбият шудаанд.
Абдушакури Фаллоҳ, масъули ДорулҚуръони афғонистонии “Усаро” дар бораи теъдоди ҳофизони Қуръони Карим, ки тайи муддати шаш соли фаъолияти ин марказ тарбият шудаанд, изҳор дошт, ин марказ то кунун 10 ҳофизи кул ва 20 ҳофизи 10 ва 15 ҷузъ тарбият кардааст.
Ба гузориши ИКНА, Фаллоҳ бо баёни ин матлаб афзуд, ҳамчунин ду ҳазор рӯхонӣ ва равонхонии кулли Қуръони Карим то кунун дар ин дорулҚуръон сурат гирифтааст.
Фаллоҳ идома дод, 500 нафар дар ин марказ таҷвиди муқаддамотӣ, 400 нафар таҷвиди такмилӣ ва 100 нафар фунуни қироатро ба сурати ниматахассусӣ сипарӣ кардаанд.
Ба гуфтаи ин қорӣ ва мударриси Қуръони афғонистонӣ, 30 нафар низ ба сурати тахассусӣ давраи савт, лаҳн ва қироатро дар ин дорулҚуръон гузаронидаанд ва дар маҷмуъ 1450 нафар аз бонувон ва 1700 нафар аз оқоён дар ин давраҳо ҳузур ёфтаанд.
Фаллоҳ афзуд, баргузории давраҳои омӯзиши доварӣ ва мураббигарии Қуръони Карим, тарҷумаи мафоҳим, аҳком ва маорифи исломӣ аз дигар фаъолиятҳои ин марказ ба шумор меравад.