Вуқӯи 62 тирандозӣ таи шабонарӯзи гузашта дар Амрико
Бар асари вуқӯи 62 мавриди тирандозӣ таи 24 соати гузашта дар Амрико, дастикам 71 нафар кушта ё захмӣ шуданд.
Маркази сабти хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико эълом кард, 62 мавриди тирандозии 24 соати гузашта дар иёлатҳои Оклахома, Флорида ва Калифорния дастикам 23 куштаву 48 захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Ин марказ афзуд: Ҳамчунин дар 84 тирандозии 24 соати ҷумъа то шанбе дар иёлатҳои мухталифи Амрико 21 нафар кушта ва 48 нафар захмӣ шудаанд.
Тибқи ин гузориш, дар 48 соати гузашта 146 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 44 нафар куштаву 96 нафар захмӣ шудаанд.
Солиёна ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар нуқоти мухталифи Амрико кушта ё захмӣ мешаванд.