Октябр 06, 2019 21:22 Asia/Dushanbe
  • Бозҷӯии FBI аз намояндаи Дума хашми Русияро барангехт

Сафорати Русия номаеро дар эътироз ба бозҷӯии FBI аз яке аз намояндагони Думаи Русия ба Вазорати хориҷаи Амрико ирсол кард.

Ба гузориши Рейтерз, дар номаи сафорати Русия дар Амрико омадааст: Аз Инга Юмашева, яке аз намояндагони Думаи Русия хоста шуд, то ба як утоқи ҷудогона биравад ва яке аз маъмурони FBI барои мудати як соат... шурӯъ ба бозҷӯии ӯ кардааст.

Юмашева ба маҳзи вуруд ба фурудгоҳи Ню-Йорк, ба муддати як соат аз сӯи маъмурони идораи таҳқиқоти федералӣ (FBI) мавриди бозҷӯӣ қарор гирифт.

Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия ин мавзӯъро як иқдоми таҳрикомез аз сӯи Амрико хонд.

 

Барчасп