Вокуниши Путин ба иттиҳоми дахолати Русия дар интихоботи Амрико
Раисҷумҳури Русия иттиҳомоти мақомоти Вашингтонро дар мавриди мудохилаи Маскав дар интихоботи Амрико такзиб кард.
Владимир Путин дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Эн Би Си-и Амрико гуфт, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 –и Амрико ҳеҷ задубанд ва робитае бо Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар надоштааст.
Раисҷумҳури Русия афзуд: Таҳқиқоти Роберт Мюллер, бозпурси вижаи парвандаи интихоботи соли 2016 –и Амрико низ нишон дод, ки ман бо Трамп робитае надоштаам, аммо бар асоси ин иттиҳоми иддаоӣ, таҳримҳое алайҳи Русия ҷорӣ шуд.
Мюллер чанде пеш, пас аз ҳудуди ду соли таҳқиқ гузориши худ дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016 –и Амрико ва созиши тими интихоботии Трамп бо Русияро ба вазири додгустарии Амрико таҳвил дод.
Дар гузориши Мюллер ҳар гуна иртиботи ситоди интихоботии Трамп бо Русия рад, аммо иддао шуда, ки Маскав талош кардааст то аз тариқи ожонсҳои интернетӣ ва низ ҳамалоти ҳакерҳо бар раванди интихоботи 2016 Амрико таъсир бигузорад.