Октябр 07, 2019 14:09 Asia/Dushanbe

Кӯҳҳои зубола дар пойтахти Ҳинд зиндагиро барои сокинони манотиқи атрофи он сахт кардааст.

Зуболаҳои хушку тари пойтахти дувумин кишвари пурҷамъияти ҷаҳон рӯйи ҳам анбошта мешавад ва даҳҳо сол аст, ки зуболаҳо рӯйи ҳам рехта ва акнун ба кӯҳҳое табдил шудааст, ки аз километрҳо дуртар қобили дидан ҳастанд.

Кӯҳи зуболаи Ғозипур дар шарқи Деҳлии Нав худнамоӣ мекунад.

Пояҳои ин кӯҳ дар соли 1984 мелодӣ рехта шуд ва акнун иртифои он ба шасту панҷ метр расидааст.

Дувумин кӯҳи зуболаи Деҳлӣ Укло аст. Масоҳате дар ҳудуди чиҳил гектар дорад. Аз соли 1996 мелодӣ шуруъ ба рушд кард ва пас аз расидани иртифоъ ба панҷоҳу ҳашт метр дар соли 2018 мутаваққиф шуд.

 Кӯҳи зуболаи Биҳолсово дар шимоли пойтахти Ҳинд ҳам дар замине ба масоҳати панҷоҳу ду гектар аст, ки иртифои он ба шасту ду метр расидааст.

Шаҳрдории Деҳлии Нав тарҳҳои мухталифе барои ҳалли мушкили зистмуҳитии ин кӯҳҳо дорад. Яке аз ин тарҳҳо табдили зуболаҳои анбошташуда ба маводи аввалияи роҳу ҷодасозӣ аст.

 

Барчасп