Октябр 07, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 150 ҳазорнафарии ҳофизони Қуръон дар Туркия

Раиси Муассисаи мусоҳифи Туркия аз афзоиши шумори ҳофизони Қуръони ин кишвар тайи солҳои ахир хабар дод.

Усмон Шоҳин, раиси Муассисаи мусоҳиф вобаста ба раёсати умури динии Туркия эълом кард, ки шумори ҳофизони Қуръон дар ин кишвар аз соли 1971 милодӣ то соли ҷорӣ ба беш аз 150 ҳазор нафар расидааст.

Шоҳин дар маросими эътои гувоҳиномаи ҳифзи Қуръон ба 18 мард ва 10 зани ҳофизи Қуръон, ки рӯзи шанбе (13 меҳрмоҳ), ба ҳиммати Дор- ул- Фатваи минтақаи Дорон дар иёлати Малотияи Туркия баргузор шуд, иқдомоти Маркази ҳифзи Қуръони Доронро сутуд ва эълом кард, ки ин марказ нақши муҳимме дар фориғуттаҳсилии ҳофизони Қуръон доштааст. Вай бо ишора ба инки шумори ҳофизони Қуръон дар Туркия, нисбат ба теъдоди ҷамъияти ин кишвар ва дар муқоиса бо соири кишварҳои исломӣ ҳамчунон кофӣ нест, хостори талоши музоаф барои афзоиши шумори ҳофизони Қуръони карим шуд.