10 ҳазор рӯймол; ҳадияи ширкати малайзияӣ ба занони мусалмон
Октябр 08, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
Як ширкати тавлиди либос ва рӯймол дар Малайзия ба муносибати оғоз ба кори худ 10 ҳазор рӯймоли роягон ба занони мусалмон ҳадия медиҳад.
Ба нақл аз ИКНО, Ширкати тавлидии Аффаҳиҷоб дар Малайзия ба муносибати оғоз ба кори худ 10 ҳазор рӯймоли роягони абрешимӣ ҳадия медиҳад.
Ин рӯймолҳо, ки дар рангҳои мутанавие аз обии рушан гирифта то гулобак ҳастанд аз абрешим бо сифати боло тавлид шуда, ки дар зери нур бисёр дурахшон ба назар мерасад.
Таҳияи абрешим аз нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон ва пешхариди он дар ҳаҷми боло боиси коҳиши ҳазинаҳо ва поин омадани нархи ин рӯймолҳо шудааст ва тавлидкунандагон умедворанд ҳамаи занони мусалмон битавонанд ин рӯймолҳоро таҳия кунанд.