Октябр 08, 2019 13:54 Asia/Dushanbe
  • Аниституи Маориф; муассисае бо беш аз як даҳа фаолият дар Индонезия

Аниституи Маорифи Индонезия дар соли 2002 таъсис шуд, ин муассиса барои иртибот бо ҷомеа ва насли ҷавони Индонезия фаолиятҳои мутанавие анҷом медиҳад.

Ин ниҳоди фаолиятҳои фарҳангӣ дар ҳавзаҳои ислом, инсоният ва масоили ҷомеаи Индонезия аст. Ин се ҳавза муҳимтарин тафакурот ва фаолиятҳои професор Аҳмади Шофеии Маориф (раиси собиқи Созмони исломии Муҳаммадия ва раиси собиқи иҷлоси ҷаҳонии дин барои сулҳ) ба ҳисоб меояд.

Ба нақл аз ИКНО, вуҷуди аниституи Маориф имрӯза бахши ҷудоинопазир аз шабака ва ҷараёни таҷдиди андешаи исломӣ дар Индонезия аст. Ҷараёни таҷдид як амри зарурӣ ва муқтазиёти таърих аст. Печидагии масоили модерн ҳамроҳ бо масоили муосир ва илзомоти он монанди демокрасӣ, ҳуқуқи башар, кисратингорӣ ё фаровонӣ, ҷинсият, гуфтугӯи динҳо ва тамаддунҳо ва ҳамчунин маҷмуае аз масъалаҳои дигар  ниёзманди тавзеҳоти нав бо истинод ба омӯзаҳои исломӣ аст.

Ин муассиса ҳадафҳои мухталифе ҳамчун таҳаққуқи демокрасӣ, ҳуқуқи башар, нашри фарҳанги эҳтироми мутақобил ва ҳамкории созанда барои Индонезия ва башарият, тақвият ва густариши мушорикати ҷомеа ва насли ҷавон дар эҷоди ҷомеае адолатмадор бо вижагиҳои мутанавеъро дунбол мекунад.

Шиори ин аниститу "Иқтидор, набуди табъиз, таҳаммул ва бозандешӣ" аст ва ин марказ дар ҳавзаи мутолиотӣ шомили кори таҳқиқотӣ ва таъмиқи идеаҳои илмӣ аз тариқи баҳс ва нишаст ва интишори китобҳо ва маҷаллаҳо низ фаолият дорад.