Октябр 08, 2019 15:54 Asia/Dushanbe
  • Фазои маҷозӣ мавзӯи аслии Нишасти мақомоти вазоратҳои кишвари Ҳамсуд

Мақомоти вазоратхонаҳои кишвари Созмони Ҳамсуд дар шаҳри Маскав ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо ҷурмҳо дар фазои маҷозиро баррасӣ карданд.

Дар ин ҷаласа намояндагони Вазорати кишвари Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва ҳамчунин мақомоти Дафтари ҳамоҳангӣ дар заминаи мубориза бо ҷурмҳои Ҳамсуд ҳузур доштанд.

Ба нақл аз Форс, дар ибтидои нишаст Валерӣ Каҷкар муовини вазири кишвари Русия гуфт, дар дунёи имрӯз ҷурмҳои нав ба вуҷуд омаданд, ки бо истифода аз технологиҳои иттилоотӣ анҷом мешаванд ва ҳамин мавзӯъ мубориза бо онҳоро мушкилтар кардааст.

Ин мақом тасреҳ кард, ҳамчунин вазоратхонаҳои кишвари Созмони Ҳамсуд ба таври таъсиргузор дар заминаи мубориза бо терроризм, муқобила бо муҷримини созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамкорӣ мекунанд, аммо густариши технологиҳои иттилоотӣ мушкилоти наверо ба вуҷуд оварданд ва таваҷҷуҳи бештари вазоратхонаҳои кишварро тақозо мекунад.

Каҷкар хотирнишон кард, муҷримин аз тариқи интернет ҷурмҳои мухталифе дар бахши бонкӣ, арзи диҷитал, фуруши маводи мухаддир, равонгардонҳо, силоҳ, матолиби террористӣ, ифротӣ ва мутақоид кардани ҷавонон барои худкушӣ анҷом медиҳанд, ки бо ин падидаҳо бояд бархурди ҷиддӣ шавад.

Алек Канаволов Дафтари ҳамоҳангии мубориза бо ҷурмҳои Созмони Ҳамсуд гузорише аз иҷрои тасмимоти ҳосилшуда дар қолиби Нишасти Шурои вазирони кишвари созмони мазкур дар шаҳри Тошканд, ки дар моҳи майи соли 2019 баргузор шудро қироат кард ва гуфт, дар чорчуби ин иқдомот бояд ҳамкории илмӣ байни вазоратхонаҳои кишвари Созмони Ҳамсуд тақвият гардад.

Ба гуфтаи вай марокизи таҳлили расмӣ бояд ба таври фаол мутолиот дар бораи таҳдидоти бархоста аз интернетро анҷом диҳанд.

Иттиҳодияи кишварҳои мустақили муштаракул манофеъ пас аз фурупошии Шуравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаата тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдавӣ, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзоъ шуд.