Октябр 09, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ аз кумакҳои мусулмонони Сингапур барои сохту нигаҳдории масоҷид

Як сиёсатмадори сингапурӣ бо таҷлил аз ҳамзистии мусулмонони ин кишвар бо пайравони соири адён, аз кумакҳои мусулмонон ба сохту нигаҳдорӣ аз масоҷиди ин кишвар қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИКНА, истиқболи мусулмонони Сингапур аз сохти масоҷид дар ин кишвар боис шуда, ки ниёзе ба кумаки кишварҳои хориҷӣ барои таъмини ҳазинаҳои масоҷид набошад.

Молик Усмон, аз мақомоти Вазорати дифоъ ва умури хориҷаи Сингапур тайи суханоне дар маҷлиси ин кишвар дар бораи ислоҳияҳои қонуни сиёнат аз ҳамзистии дин дар Сингапур гуфт, ҷомеаи мусулмонони Сингапур зимни эҳтиром ба танаввӯи адёни ин кишвар, масири худро тай мекунад.

Вай таъкид кард, пуле, ки барои ҳазинаҳои масоҷид ихтисос меёбад, аз маҳалли кумакҳои мусулмонони Сингапур таъмин ва барои сохту нигаҳдории 75 масҷиди ин кишвар масраф мешавад.

Вай афзуд, дар чунин шароите ҷомеаи мусулмонон ва Шӯрои дини исломи Сингапур аз ин ислоҳот ҳимоят мекунад ва монеъ аз таъсиргузории кишварҳои хориҷӣ бар созмонҳои динӣ мешавад.