Октябр 09, 2019 20:14 Asia/Dushanbe
  • Баргузории семинари “Бедории исломӣ ва паёми Ошӯро” дар Ҳинд

Семинари “Бедории исломӣ ва паёми Ошӯро” дар Ҳинд баргузор шуд.

Ин семинар бо ҳамкории тими довталабона аз муассисаи ёдбуди имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор ва ба далели номуносиб будани ҳаво, хаймае бузург барои баргузории он барпо шуд.

Ба гузориши ИКНА, дар ин семинар шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабие ҳамчун шайх Муҳаммад Муҳаққиқ, раиси Шӯрои муассисаи ёдбуди имом Хумайнӣ (раҳ), шайх Муҳаммад Ҷалил, раиси шуъбаи муассисаи Тои Суру, Сайидкозим Сабрӣ, имоми ҷумъаи минтақаи Салискут, Сайид Муҳаммад Мусавӣ, шайх Содиқ Раҷоӣ, раиси муассисаи ёдбуди имом Хумайнӣ, Ҳоҷи Асғар Карбалоӣ, узвт собиқт парлумонт маҳаллии Коргил, Вилоят Алӣ, раиси маркази пизишкии Боқирия ба ҳамроҳи гурӯҳҳои мухталиф, рӯҳониюни Коргил ва садҳо тан аз пайравони имомат ва вилоят ҳузур доштанд.

Суханронон дар семинар бо таъкид бар дунболаравӣ аз роҳи имом Ҳусайн (а) эълом карданд, мусулмонон бояд ба пайравони воқеии Карбало табдил шаванд ва монанди имом Ҳусайн (а) садои худро дар баробари беадолатӣ ва зулм баланд кунанд.

Ҳамчунин дар суханрониҳои семинар таъкид шуд, инқилоби исломии Эрон 40 сол пеш ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ) ба пирӯзӣ расид ва ин инқилоб бузургтарин дастовард барои зиндагии башар аст.