Интишори феҳристе аз муассиртарин раҳбарони мусулмони ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47423-Интишори_феҳристе_аз_муассиртарин_раҳбарони_мусулмони_ҷаҳон
Феҳристи муассиртарин раҳбарони мусулмони ҷаҳон мунташир шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2019 17:06 Asia/Dushanbe
  •  Интишори феҳристе аз муассиртарин раҳбарони мусулмони ҷаҳон

Феҳристи муассиртарин раҳбарони мусулмони ҷаҳон мунташир шуд.

Дар ҷадидтарин нусхаи китоби “500 мусулмони соли 2020” , ки ба тозагӣ мунташир шудааст, феҳристе аз 50 нафар аз раҳбарон ва пешвоёни барҷастаи мусулмон ба чашм мехӯрад, ки номи Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар садри он қарор дорад.

Феҳристи 50 нафар аз муассиртарин раҳбарони мусулмон дар ҷаҳон, нусхаи “500 мусулмони соли 2020” мунташир гардид.

Маркази мутолеоти стратегии подшоҳии исломӣ дар Уммон - Урдун ба тозагӣ китоби солонаи “500 мусулмони соли 2020” -ро мунташир кардааст, ки шомили феҳристе аз 500 мусулмони барҷаста ва шинохташуда мебошад. Ин китоб нахустин бор дар соли 2009 мунташир гардид.

Дар ин китоб асомии муассиртарин ва шинохташудатарин мусулмонон, аз ҷумла оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари мусулмонони ҷаҳон, Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва мароҷеи тақлиди шиа ба чашм мехӯрад.

Гузориши мазкур бо ҳамкории Маркази дарки мутақобили мусулмонон-масеҳиён дар Донишгоҳи Ҷорҷ Таун дар Амрико таҳия шудааст.

Дар ин феҳрист исми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ вуҷуд дорад.