Октябр 09, 2019 21:38 Asia/Dushanbe
  • Пахши азон барои нахустин бор аз баландгӯҳои масҷиде дар Амстердам

Барои нахустин бор азон аз баландгӯҳои масҷиде дар Амстердам пахш шуд.

Имоми ҷамоати масҷиди “Обӣ”, ки дар шаҳри Амстердам воқеъ шудааст, дар ҷаласае бо ҳамсоягон, зимни гуфтугӯ дар бораи аҳамияти пахши азон ҳангоми соъоти намоз эълом кард, ки ин масҷид қасд дорад аз ин пас азонро аз баландгӯҳояш пахш кунад.

Масҷиди “Обӣ” дар шаҳри минтақаи ғарбии шаҳри Амстердами Нидерланд барои нахустин бор аз тариқи баландгӯ азон пахш мекунад.

Ҳамакнун чандин масҷид дар бахшҳои мухталифи кишвари Нидерланд азон пахш мекунанд, аммо ин нахустин боре аст, ки чунин рӯйдоде дар яке аз масоҷиди Амстердам иттифоқ меафтад.

Ёсин Алфурқонӣ, имоми ҷамоати масҷид дар ин бора ба хабарнигорон гуфт, ҳайати масҷид баъд аз зӯҳри якшанбе ҷаласае бо ҳузури ҳамсоягон баргузор карда ва сокинини маҳаллиро огоҳ кардааст.

Вай хотирнишон кард: “Мо бо ин корамон қасд дорем динро заррае дар чашми мардум қобили мушоҳидатар созем ва ба ин тартиб сокинони Амстердам ба дин бештар одат карда ва барояшон одӣ мешавад ва нооромиҳо дар хусуси дин ба тадриҷ нопадид хоҳанд шуд”.

Имоми ҷамоати масҷид дар ин бора афзуд: “Мо намехоҳем бо ин кор касеро таҳрик кунем, балки саъй мекунем суннатҳои исломиро одӣ созем”.