Изҳороти нахуствазири Туркия дар бораи парвандаи Гулен
Сентябр 25, 2016 13:36 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Туркия гуфт, дар бозҷӯӣ аз гулнестҳо "бисёр муҳтот" бархӯрд мекунад.
Ба гузориши хабаргузории донишҷуёни Эрон (ИСНО ), Биналӣ Йилдирим дар вокуниш ба изҳороти Камол Қуличдор Уғлӯ, раҳбари ҳизби мухолифи Ҷумҳурии халқ, гуфт, ҷунбиши Фатҳулло Гулен, як гурӯҳи "террористии хатарнок" аст ва давлати ин кишвар нисбат ба бозҷӯиҳо дар ин парванда "бисёр бо эҳтиёт" ва "ҳассос" рафтор мекунад.
Камол Қуличдор Уғлу, раҳбари Ҳизби ҷумҳурии халқ, чанд рӯзи қабл дар як конфронси хабарӣ бо интиқод аз давлати Туркия эълом кард, давлат гоҳе дар расидагӣ ба парвандаи афроди вобаста ба ҷунбиши Фатҳулло Гулен, (раҳбари ҷунбиши Хезмет ) одилона рафтор намекунад.