Роҳандозии канали шеър ва мултфилм барои кудакони мусалмон дар Торонто
Як канали Ютюби кудакона бо номи "Ҷамил ва Ҷамила", ки ахиран тавассути шабакаи Нила Медия дар Торонтои Канада роҳандозӣ шуда, мултфилмҳо ва оҳангҳое бо муҳтавои исломӣ барои кудакони мусалмон мунташир мекунад.
Ба нақл аз хабаргузории Ҳавза, як канали оҳанг ва мултфилм дар Ютюб барои кудакони мусалмон бо номи "Ҷамил ва Ҷамила" рӯзи якшанбе 6 октябр тавассути Нила Медия ифтитоҳ шуд. Ҷаласаи ифтитоҳияи ин канали интернетӣ дар нишасти вижае дар муассисаи исломии Торонто баргузор гардид.
Ҷаводи Ҷаъфарӣ бунёнгузори Нила Медия, дар ин маросими роҳандозӣ гуфт, ҳадаф аз эҷоди канали Ҷамил ва Ҷамила густариши шодӣ ва нишоти солим дар байни фарзандон ва хонаводаҳои мо ва илҳомбахши фарзандонамон барои табдил шудан ба инсонҳои бузург аст.
Вай дар идома гуфт, ин канал ҳамчунин инсониятро дар мо нишон медиҳад ва инки ҳамаи мо битавонем ба якдигар кумак кунем ва бубинем воқеан барои чи чизе истодаем. Ҷамил ва Ҷамила аввалин қадам аст ва мо бо кумаки шумо барои кудакон дар синини мухталиф гомҳои дигаре бардоштаем.
Вай афзуд мо се навъ оҳанги мултфилм дорем, ки барои кудакон ба иштирок мегузорем-яке аз ин оҳангҳо ба ҳадафи ошносозии бештари кудаконамон бо дин аст. Дуввумин мултфилм арзишҳоямонро бо кудакон ба иштирок мегузорем ва севвумин мултфилм барои мухотабони умумӣ аст. Маконе амн то кудакон бо тамомии пешинаҳои фарҳангӣ-мазҳабӣ аз муҳтавиёти он лаззат бибаранд.
Гуфтанист руйдоди мазкур аз ҳамкории ду ниҳоди ҷашнвораи Муслимфаст ва муъассисаи исломии Торонто баргузор шуд ва шомили пахши оҳангҳои мултфилмии мутааддид, иҷрои зиндаи ҳунармандони маҳбуби мусалмон дар Торонто буд ва дар поёни маросим низ ба кудакон туҳфаҳо ва пуфакҳо туҳфа дода шуд.
Тиме аз Муслимфаст бузургтарин ҷашнвораи ҳунарҳои исломии Амрикои Шимолӣ низ омода буданд то дидгоҳи худро барои ояндаи ин ҷашнвора ба иштирок бигузоранд.