Ҳимояти Олмон аз таваққуфи содироти силоҳ ба Туркия
Муовини вазири умури хориҷаи Олмон бо ғайриқобили қабул хондани ҳамалоти Туркия ба шимоли Сурия, хостори таваққуфи содироти силоҳ ба Анкара шуд.
Ба гузориши рӯзномаи олмонии “Ҳонуфирше”, Майкл Рот, муовини вазири умури хориҷаи Олмон ва номзади раҳбари ҳизби сотсиал - демократи ин кишвар гуфт, ҳамалоти артиши Туркия ба шимоли Сурия ғайриқобили қабул аст. Бинобарин, содироти таслиҳот ба Туркия бояд мутаваққиф шавад.
Давлатҳои Шветсия ва Нидерланд ҳам таваққуфи содироти таслиҳот ба Туркияро хостор шуданд.
Пештар низ давлати Финляндия аз таъхири содироти силоҳи ин кишвар ба Туркия то иттилои баъдӣ хабар дода буд.
Амалиёти артиши Туркия дар шимоли шарқи Сурия, ки аз чаҳоршанбеи гузашта бо эъломи расмии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия оғоз шуд, мухолифатҳои зиёдеро дар байни кишварҳои минтақа ва дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ ба дунбол доштааст.