Октябр 12, 2019 21:10 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Украина рекорди конфронси хабарии руасои ҷумҳурии кишварҳои ҷаҳонро бо гуфтугӯи 14 соата бо хабарнигорон дар Киев, ҷо ба ҷо кард.

Ба гузориши ИРНА, ин рекорд пештар дар ихтиёри Владимир Путин, раисҷумҳури Русия буд.

Нишасти матбуотии раисҷумҳури Украина аз соати 9 ва бо субҳона бо хабарнигорон оғоз шуд ва то соати 11 –и шаб идома дошт ва дар ин муддат вай ба беш аз 500 саволи 300 хабарнигор посух дод.

Ин нахустин конфронси матбуотии Зеленский ба унвони раисҷумҳури Украина аз панҷ моҳи пеш то кунун аст.

Зеленский дар мавриди ин конфронси матбуотӣ, ки онро “Пресс марафон” номидаанд, дар Фуйсбуки худ навишт, талош кардам дар ин марафон ба ҳамаи пурсишҳо посух диҳам.

Раисҷумҳури Украина дар посух ба пурсише дар мавриди пайравиаш аз сиёсатҳои Петр Порошенко, раисҷумҳури ғарбгарои Украина, ки пеш аз ӯ дар қудрат буд, гуфт, ки сиёсатҳои Порошенкоро идома намедиҳад.

Зеленский ҳамчунин дар раванди пурсишу посух бо хабарнигорон, аз набуди иртиботи ҳавоӣ байни Русия ва Украина ибрози тааҷҷуб ва беиттилоӣ кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар 20 соли ахир рекорддори конфронсҳои матбуотии тӯлонӣ буд. Беҳтарин рекорди ӯ ба соли 2008 бармегардад, ки чаҳор соату 40 дақиқа ба пурсишҳои хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ посух дод.