Мушовири Умрон Хон: Аҳамияти болое ба равобит бо Эрон қоил ҳастем
Октябр 13, 2019 21:23 Asia/Dushanbe
Ҳамзамон бо сафари имрӯзи Умрон Хон, нахуствазири Покистон ба Эрон, мушовири аршади вай эълом кард: Покистон ба равобити худ бо Ҷумҳурии исломии Эрон эҳтироми зиёде қоил аст.
Фирдавс Ошиқ Аъвон, мушовири нахуствазири Покистон дар умури иттилоърасонӣ, расона ва мероси миллӣ ба унвони сухангӯи аршади давлати Умрон Хон гуфт: Сафари Умрон Хон ба Эрон ба пешбурди сулҳу субот дар минтақаи Халиҷи Форс кӯмак мекунад.
Вай дар як паёми твиттерӣ изҳор дошт: Талоши нахуствазири Покистон барои танишзудоӣ, нишондиҳандаи эътимоди раҳбарони уммати исломӣ ба тавоноии шахси Умрон Хон аст.