Шиканҷаи занон аз оинҳои суннатии ҳиндуҳо + видио (16+)
(last modified Mon, 14 Oct 2019 09:29:27 GMT )
Октябр 14, 2019 14:29 Asia/Dushanbe

Интишори видиое аз шалоқ задани занон ба унвони расми ҳамешагӣ ва бостонии коҳинон дар Ҳинд бо вокуниши корбарон дар фазои маҷозӣ ҳамроҳ шуд.

Ба нақл аз Спутник, аҳолии рӯстое дар Ҳинд барои дур кардани арвоҳи хабиса, занон ва духтаронро бо шалоқ зарбу шатм мекунанд.

Онҳо ақида доранд бо ин кор шайтонро аз занон ва духтарони худ дур мекунанд ва монеъ аз бемор шудани онҳо мешаванд.

Дар ин видиои кӯтоҳ коҳинон бо либосҳои фохир занонро шалоқ мезананд.

Нуктаи қобили таваҷуҳи ин оин он аст,ки агар шахсе пас аз зарбаҳои шалоқ эҳсоси дард накунад яъне ба тасхири шайтон даромада ва рӯҳи ҷин ва шайтон дар ӯ дамида шудааст ва бояд муддати тулонитаре шиканҷа шавад.

Интишори видиое аз баргузории ин оин дар фазои маҷозӣ бо вокуниши корбарон ҳамроҳ шудааст.

Корбарони бисёре аз дидани видио ва мувофиқати афроди ҳозир бо ин оини аҷиб ва ихтисоси он барои занон, бисёр мутааҷиб ҳастанд ва ақида доранд ҷоҳилият ва нодонӣ интиҳо надорад.

Барчасп