Октябр 14, 2019 21:18 Asia/Dushanbe
  • Талош барои мушорикати фаъоли мусулмонон дар интихоботи федерали Канада

Гурӯҳҳои мусулмони Канада бо баргузории маъракаҳо ва ҳамоишҳое, барои афзоиши мушорикат ва ҳамоҳангӣ дар интихоботи федерали ин кишвар фаъолият мекунанд.

Талошҳои зиёде барои афзоиши мушорикати мусулмонони Канада дар интихоби ояндаи федерал дар ҷараён аст.

Ба гузориши ИКНА, аз ҷумла созмони “Сanadian-muslim vote” дар ҳоли талош аст то огоҳии раъйдиҳандагони мусулмонро афзоиш диҳад ва онҳоро ташвиқ кунад дар интихобот ҳузури густурда дошта бошанд.

Ин созмон, ки дафтари аслии он дар Торенто аст, 130 бастаи омӯзиширо барои довталабон дар масоҷиди саросари Канада фиристода то ба онҳо барои омӯзиш ба раъйдиҳандагони мусулмон ва табйини аҳамияти мушорикат дар ин интихобот кумак кунад.

Алӣ Молик, мудири иҷроии ин созмон мегӯяд: “Амиқан муътақидем, ки агар мусулмонон дар демократия мушорикат кунанд, Канадаро қавитар хоҳем сохт ва ин бахши бузурге аз фалсафаи фаъолитҳои мо аст”.

Фотима Абдуллоҳ, ки қарор аст барои нахустин бор раъй бидиҳад ва дар бахши равобити умумии ин созмон кор мекунад, изҳори умедворӣ кард, ки битавонад ҳар чӣ бештар мусулмононро барои ҳузур дар пойи сандуқҳои раъй мутақоид кунад.

Молик бо ишора ба ин ки мизони мушорикати мусулмонон дар интихоботи қаблӣ камтар аз миёнгини мушорикати умумӣ буда, мегӯяд, ҷомеаи мусулмонони Канада таркибе аз фарҳангҳо ва ҷавомеи мухталиф аст ва ҳар як аз онҳо дидгоҳи мутафовите аз интихобот ва демократия доранд.

Ёдовар мешавад, интихоботи федерали Канада душанбеи 21 октябр (29 меҳр) баргузор мешавад.

 

Барчасп