Ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангии мусулмонони ҷаҳон дар Чикагои Амрико
(last modified Tue, 15 Oct 2019 07:28:12 GMT )
Октябр 15, 2019 12:28 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангии мусулмонони ҷаҳон дар Чикагои Амрико

Намоишгоҳе аз дастовардҳои фарҳангии мусулмонони саросари ҷаҳон дар шаҳри Чикаго дар иёлати Иллинойси Амрико оғоз ба кор кард.

Ин намоишгоҳ бо унвони «аз Амрико то Зангбор: фарҳангҳои исломии дур ва наздик» дар Sabeel Center-и шаҳри Чикаго ифтитоҳ шуд.

Ин намоишгоҳи фарҳангӣ ва ҳунарӣ ба ибтикори мӯзеи кӯдакони Манхеттен барпо шудааст ва токунун дар иёлатҳои мухталифи Амрико баргузор шуда ва дар он ҷилваҳое аз ҳунар, меъморӣ, тарроҳӣ, мусиқӣ, ҷаҳонгардӣ, қиссагӯӣ, ғизо ва пӯшоки фарҳангҳои мухталифи исломии ҷаҳон ба намоиш дармеоянд.

Нахустин давраи ин намоишгоҳ дар феврали 2016 баргузор шуд ва дар он зиндагии теъдоде аз мусулмонони амрикоӣ бо мавзӯоте аз давраи кӯдакии онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ин намоишгоҳ, ки аз шаби гузашта оғоз шуда, то 22 декабр идома хоҳад дошт.